s FAQ | VFS Global

Саволҳои зуд-зуд додашаванда

Маркази дархост барои раводиди Канада

Маркази дархост барои раводид чист?

Марказҳои дархост барои раводиди Канада барои расонидани кумаки маъмурӣ ба муштариён бо мақсади пешниҳоди бомуваффақияти дархостҳо барои ҳама категорияҳои истиқомати муваққатӣ (раводиди меҳмонӣ, иҷозатномаҳои таҳсил ва кор) ва дархостҳо барои ҳуҷҷати сафарӣ ба идораҳои Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада дар сартосари ҷаҳон таъсис ёфтааст.

WПудратчии Маркази дархост барои раводид дар Тоҷикистон кист?

Ширкати VFS Global шарики аутсорсингшудаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ва Маркази дархост барои раводиди Канада дар Тоҷикистон аст, ки фаъолиятҳои он аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ширкати VFS амалӣ мегардад.

Оё ман метавонам мулоқоти бетаъхирро ба нақша гирам?

Меъёрҳои истифодаи фаврии биометрӣ чунинанд:

- вафоти аъзои наздики оила, ки дар Канада зиндагӣ мекунад,

- бемори вазнин аъзои наздики оила, ки дар Канада зиндагӣ мекунад.

Аъзои наздики оила ҳамчун муайян карда мешавад:

• Ҳамсар ё шарики қонунии умумӣ;

• Kӯдаки вобаста;

• Kӯдаки вобастаи кӯдак;

• Волидайн ё фарзандхондагон;

• Васӣ ё парастор.

Довталабоне, ки бо мақсади ҷамъоварии биометрӣ таъини фаврӣ дархост намудаанд, ҳангоми пешниҳоди таъин дар Маркази дархост барои раводиди Канада бояд далели ҳолатҳои фавқулоддаро пешниҳод кунанд (яке аз инҳо):

- Хатти вафот ё шаҳодатномаи тиббӣ;

- Мактуб аз корманди шӯъбаи тиббӣ / шӯъба;

- Мактуб аз хадамоти дафн.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки Маркази дархост барои раводиди Канада ҳамаи довталабонро ба Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада хабар медиҳад, ки дар вақти ширкат дар таъини ҳолати фавқулодда далели зарурии фавқулоддаро пешниҳод намекунанд. Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада метавонад ҳангоми баррасии ариза инро ба назар гирад.

Таъиноти фаврии биометрӣ ба вақти коркарди дархости Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ё натиҷаи он таъсир намерасонад.

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки Маркази дархост барои раводиди Канада ҳамаи довталабонро ба Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада хабар медиҳад, ки дар вақти ширкат дар таъини ҳолати фавқулодда далели зарурии фавқулоддаро пешниҳод намекунанд. Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада метавонад ҳангоми баррасии ариза инро ба назар гирад.

Таъиноти фаврии биометрӣ ба вақти коркарди дархости Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада ё натиҷаи он таъсир намерасонад.

Лутфан, барои ба нақша гирифтани мулоқот ин ҷо нохун занед 

Ҷараёни пешниҳод намудани дархост

Дархости худро барои раводид ба куҷо пешниҳод кунам?

Шумо метавонед дархости худро ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод кунед. Дархостҳоро ба Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада бо истифода аз Системаи онлайнии Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрандии Канада оид ба пешниҳоди дархост (E-Apps) метавон пешниҳод кард.

Оё ягон шахси дигар метавонад аз номи ман дархост пешниҳод намояд?

Шумо метавонед намояндаеро таъйин кунед, ки аз номи шумо дархост пешниҳод намояд. Барои анҷом додани ин кор, лутфан Варақаи истифодаи намояндаро [IMM 5476] ва Варақаи ризоиятномаи Маркази дархост барои раводиди Канадаро (қисми Ризоиятнома барои ҷамъоварии бавосита) пур кунед.

Оё ман бояд барои додани изи ангуштҳо ва сурат шахсан биравам ҳар вақте, ки дархости худро пешниҳод менамоям?

Шуморо зарур аст, ки ҳангоми пешниҳоди дархост барои дарёфти раводиди истиқомати муваққатӣ, иҷозатномаи таҳсил ё иҷозатномаи кор, иттилооти биометрии худро танҳо як маротиба дар давоми 10 сол пешниҳод намоед.

Довталабони истиқомати доимӣ бояд бо ҳар як дархост иттилоотии биометриро супоранд.

Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp.

Баъди ба кайд гирифтани маълумоти биометрӣ, чанд муддат ин маълумот дар махзани иттилоотӣ нигоҳ дошта мешавад?

Аз 31-ми июл соли 2018, маълумоти биометрӣ дар давоми даҳ сол эътибор дорад. Агар довталаб иттилооти биометрии худро дар гузашта ба қайд гирифта бошад, ин маълумот дар давоми даҳ сол аз санаи бақайдгирӣ эътибор дорад. Муддати эътибори раводид ё иҷозатнома аз муддати эътибори иттилооти биометрӣ зиёд буда наметавонад. Довталабони истиқомати доимӣ бояд бо ҳар як дархост иттилооти биометриро супоранд.

Дар холате, ки Шумо дар муддати 10 сол шаҳрвандии Канадаро дарёфт кардед, изи ангуштонатон аз махзан нобуд карда мешавад.

Оё барои ман пешниҳод намудани маълумоти биометрӣ барои дархости раводидам зарур аст?

Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp.

Оё барои додани маълумоти биометрӣ дар Маркази дархост ба раводиди Канада таъйин кардани мулоқот зарур аст?

Аз 02 ноябри соли 2019 эътибор дошта, таъйини мулоқоти пешакӣ барои сабти маълумоти биометрӣ дар Маркази дархост барои раводиди Канада дар Тоҷикистон ҳатмист.

Барои фаҳмидан, ки оё ба шумо додани маълумоти биометрӣ зарур аст, лутфан боздид кунед аз http://www.cic.gc.ca/english/visit/biometrics.asp.  

Лутфан таваҷҷӯҳ намоед, ки VFS Global иттилооти шахсии дархостдиҳандаро танҳо бо мақсади ба нақша гирифтани мулоқот ҷамъоварӣ хоҳад кард. Дар ин робита, аз дархостдиҳанда пур кардани ризоиятнома тақозо хоҳад шуд.

Ман чӣ гуна метавонам маблағи раводиди Канадаро пардохт намоям?

Боҷи Ҳукумати Канадаро тариқи онлайн тавассути вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада бо истифода аз корти кредитӣ ё корти дебитӣ аз Бонки Канада тавассути INTERAC® метавон пардохт кард. Барои тариқи онлайн пардохт кардани боҷи Ҳукумати Канада лутфан ин ҷо нохун занед. нохун занед.

Ман чӣ гуна метавонам ҳаққи хидматрасонии Маркази дархост барои раводиди Канадаро пардохт намоям?

Дастурамал барои пардохт кардани ҳаққи хидматрасониҳои Маркази дархост барои раводиди Канада:

Тавассути почта

Қабулкунандаи пардохт: Созмони Байналмилалии Муҳоҷират

Рақами суратҳисоб: 20214840318210000614

Бонки қабулкунанда: Филиали “Аввалин бонки молиявии хурд” дар шаҳри Душанбе

Нишонии бонк: кӯчаи Шевченко 113, шаҳри Душанбе, Тоҷикистон

Барои дастурамали пурра оид ба пардохт кардани боҷи Ҳукумати Канада ва ҳаққи хидматрасониҳои Маркази дархости раводид лутфан ин ҷо нохун занед

Пас аз пешниҳоди дархости худ, кадом тартиби корӣ амалӣ хоҳад шуд?

Баробари ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод намудани дархости худ, кормандони Маркази дархост барои раводиди Канада бар асоси талаботи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада пуррагии дархостро тафтиш намуда, сипас дархостатонро аз номи шумо пешниҳод мекунанд.

Баробари қабул кардани қарор оид ба дархости шумо, Раёсати судури раводиди Канада сипас шиносномаи шуморо ба Маркази дархости раводид ба таври эмин ирсол хоҳад кард, ки шуморо тавассути методи дилхоҳи коммуникатсия бо шумо аз ин огоҳ менамояд. Иттилооти таҷдидшуда дар Системаи онлайнии пайгирии ариза низ таъмин карда хоҳад шуд, ки шиносномаи шумо барои баргардонидан омода аст. Баъд аз ин, шумо метавонед барои гирифтани шиносномаи худ ба Маркази дархост барои раводиди Канада муроҷиат кунед ё тартиби ирсоли онро ба нишонии худ фармоиш диҳед.

Ба ман кадом навъи раводид лозим аст?

Навъи раводиде, ки ба шумо зарур аст, аз мақсади сафари шумо ба Канада вобаста мебошад. Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи навъҳои раводид, лутфан ба вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада муроҷиат кунед. Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада.

Ман чӣ гуна метавонам вазъи дархости худро пайгирӣ кунам?

Вазъи дархости худро тавассути нохун задан ба рӯи “Дархости худро пайгирӣ кунед” пайгирӣ метавон кард, ки дар қисми чапи ин саҳифа ҷойгир аст. “Дархости худро пайгирӣ кунед”.

Ман чӣ гуна метавонам шиносномаи худро бозпас гирам?

Шиносномаи худро шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдор аз Маркази дархост барои раводиди Канада гиред.

Барои бозпас гирифтани шиносномаи худ кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

Агар шиносномаи худро шахсан гирифтанӣ бошед, шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ оред:

1. Шиносномаи миллии аслии худ ё ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи расмии шахсияти шумо, ки сурат дорад

2. Рӯйхати санҷишии дархост, ки аз ҷониби СБМ ҳангоми ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод кардани дархости худ, ба шумо дода шудааст

3. Нусхаи шиносномаи суратдори худ

Баррасии дархост чанд муддат сурат хоҳад гирифт?

Барои замони охирини баррасии дархостҳо лутфан аз вебсафҳаи Раёсати маҳаллии судури раводидҳо боздид кунед.

Оё зарур хоҳад буд, ки барои мусоҳиба аз Раёсати судури раводиди Канада боздид намоям?

Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада метавонад аз шумо талаб кунад, ки барои мусоҳиба ба Раёсати судури раводиди Канада ташриф оред. Маркази дархост барои раводиди Канада бо шумо тамос хоҳад гирифт ё эҳтимол аст Раёсати судури раводидҳо бевосита бо шумо тамос гирад ва тавассути иттилооти таҷдидшуда дар Системаи онлайнии пайгирии ариза низ огоҳ карда хоҳед шуд.

Барои иттилооти бештар бо кӣ метавонам тамос гирам?

Шумо метавонед ба телефони тамос муроҷиат кунед, ки дар Маркази дархост барои раводиди Канада фаъол аст (лутфан ба “Бо мо тамос гиред” дар қисми чапи ин саҳифа муроҷиат кунед) ё ба таври алтернативӣ аз вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада боздид намоед.

WБарои ман кадом хидматрасониҳои иловагӣ дастрасанд?

Бо мақсади роҳату осон кардани пешниҳоди дархостҳо, Маркази дархост барои раводиди Канада силсилаи хидматрасониҳои иловагиро мисли нусхабардорӣ, кӯмак барои ворид кардани иттилоот (кӯмак барои пур кардани варақаҳо) ва ғайраҳоро амалӣ менамояд. Барои тафсилоти пурра ва нархҳо лутфан ба “Хидматрасониҳо ва ҷадвали ҳаққи хидматрасонӣ” муроҷиат кунед.

Ман нақша дорам барои таҳсил ба муддати камтар аз шаш моҳ ба Канада сафар кунам, вале тамдид намудани мӯҳлати таҳсилам дар назар аст. Кадом навъи аризаро бояд пешниҳод кунам?

Лутфан муроҷиат кунед ба: https://www.canada.ca/en/immigration-refugees-citizenship/services/study-canada/study-permit/eligibility.html

Ҳуҷҷатҳо

• Барои аризаи дархости раводид ба ман кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Ҳуҷҷатҳое, ки заруранд, аз мақсади сафари шумо вобастаанд. Лутфан ба бахши навъҳои раводид муроҷиат кунед ё аз линкҳои татбиқпазири дар он ҷо овардашуда пайгирӣ намоед ё аз вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада боздид кунед.

• Оё Раёсати судури раводиди Канада метавонад аз ман пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ё иттилооти иловагиро талаб намояд?

Бале, Раёсати судури раводиди Канада метавонад аз шумо пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд. Иттилооти таҷдидшуда дар Системаи онлайнии пайгирии дархост ворид карда мешавад ва паёми электронӣ фиристода хоҳад шуд то боварӣ ҳосил гардад, ки шумо дастурҳои заруриро гирифтаед. Сипас аз шумо талаб хоҳад шуд то ҳуҷҷатҳои иловагиро ба Маркази дархост барои раводиди Канада пешниҳод кунед, ки дар навбати худ ин ҳуҷҷатҳоро аз номи шумо ба Раёсати судури раводидҳо пешниҳод хоҳад намуд.

Ман мехоҳам ба Канада ҳамчун донишҷӯ равам. Кадом талаботи маблағгузорӣ вуҷуд доранд?

Миёни омилҳои дигар, талаботи маблағгузорӣ барои донишҷӯён аз давомнокии ниятшудаи истиқомат дар Канада вобаста аст. Мо тавсия медиҳем, ки барои ба даст овардани иттилооти охирин ба вебсафҳаи Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада муроҷиат кунед ва боварӣ ҳосил намоед, ки ҳуҷҷатҳои шумо ҳангоми пешниҳоди аризаи худ ба Маркази дархост барои раводиди Канада дар шаҳри Душанбе бо ин маҳакҳо (критерияҳо) мутобиқанд.

ААгар шумо донишҷӯе бошед, ки азми сафар ба музофоти Квебекро дошта бошед, пас шумо бояд иттилоотро дар вебсафҳаи Муҳоҷират-Квебек аз назар гузаронед. Муҳоҷират-Квебек.