Пешниҳодҳои фиребомези бакоргирӣ / таъминот бо кор

Ба таваҷҷӯҳи VFS Global расидааст, ки афрод худро нодуруст ҳамчун агентҳо ё намояндагони VFS Global муаррифӣ намуда, ба одамон тавассути пешниҳод кардани имкониятҳои фиребомези/сохтакоронаи шуғл бо нияти дуздидани иттилооти шахсӣ ё тамаъҷӯӣ ба пули одамон муроҷиат кардаанд. Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки ҳангоми гирифтани чунин пешниҳоди таъмини кор, ки пардохт намудани ҳар гуна маблағ/пулро тақозо менамояд ё бар ивази пул раводиди кориро ваъда медиҳад, эҳтиёткор бошед ва ақли солимро кор фармоед. Пешниҳодҳои мазкур комилан қаллобонаанд ва эътибор надоранд. VFS Global агентии бо кор таъминкунанда нест ва чунин хидматрасониҳои бокортаъминкуниро пешниҳод намекунад. Қаллобон асосан ба воситаи интернет, почтаи электронӣ, телефон ва ғайра амал мекунанд. Мо одамонро огоҳ мекунем, ки аз чунин қаллобон эҳтиёткор бошанд.

Таваҷҷӯҳи шуморо ба он ҷалб менамоем, VFS Global ширкати коркарди раводид аст ва мо танҳо бо намояндагиҳои ҳукуматӣ ва дипломатӣ ҳамкорӣ намуда, талаботи маъмурии онҳоро оид ба коркарди дархостҳои дарёфти раводид иҷро мекунем. На VFS Global ва на намояндагони он дар ҳеҷ сурат, хоҳ дар VFS Global бошад хоҳ берун аз он, аз афрод пул пурсида, онҳоро бо имкониятҳои таъмини кор васваса намекунанд. Агар шумо ягон пешниҳоде гиред, ки гӯё аз VFS Global омада бошад ва пардохти маблағро тақозо менамояд, чунин навъи пешниҳодҳо фиребомезанд.

Дар зер баъзе мисолҳои амалҳои қаллобии бокортаъминкунӣ омадаанд, ки ҷараёнҳо ва амалияҳои ахлоқии VFS Global-ро нақз мекунанд:

• Паёми электронӣ на аз нишонии расмии почтаи электронии VFS Global, балки аз хидматрасонии озоди почтаи электронӣ фиристода шудааст, мисли: Hotmail, Gmail, Outlook, Yahoo ва ғайра. Инчунин имконпазир аст, ки паёми электронӣ аз нишонии тақаллубии почтаи электронӣ фиристода шавад.

• Аз шумо талаб мешавад, ки иттилооти шахсӣ ё махфиро ошкор кунед.

• Аз шумо талаб мешавад, ки тавассути телефон ё барномаи мубодилаи паёмҳои бетаъхир ирсолшаванда аз мусоҳиба гузаред.

• Аз шумо талаб мешавад, ки маблағ/пул пардохт намоед.

• Аз шумо талаб мешавад, ки ҳуҷҷатҳои тақаллубии бокортаъминкуние мисли варақаҳои дархости раводид ё раводиди кориро пур кунед (ном ва логотипи VFS Global метавонад тақаллубӣ/сохтакорӣ шавад ё беиҷозат дар ҳуҷҷатҳо ҷой дода шавад).

• Пофишорӣ ба таъҷилӣ будани иҷрои амал.

• Барои баррасӣ кардани иҷозатномаҳои кор, дархостҳо барои дарёфти раводид ва монанди инҳо пул талаб хоҳад шуд./p>

Фаъолиятҳои афроди мазкур ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ва шаҳрвандиро дар пай доранд. Дар ҳоле, ки VFS Global нисбат ба масъалаи мазкур муносибати ҷиддӣ дорад ва ҳуқуқеро ҳифз менамояд, ки барои тафтишу таъқиб кардани фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бо мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ тамос гирад, бештари вақтҳо пайдо кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани чунин афрод мушкил аст.

Аз ин рӯ, ё ба таври хаттӣ ё шифоҳӣ, барои пешниҳоди мусоҳиба ё ҷои кор дархосте гиред, ки ба андешаи шумо фиребомез ё шабҳаомез аст ё эҳтимол аст чунин бошад, лутфан ба онҳо аҳамият надиҳед. Шумо низ метавонед онҳоро бо VFS Global тавассути нишонии communications@vfsglobal.com санҷида бароед. communications@vfsglobal.com

Агар шумо огоҳ шавед, ки қаллобӣ содир шуда истодааст, тавсия медиҳем, ки бетаъхир ба полиси маҳалли худ ва/ё ҳар гуна мақомоти ваколатдор тамос гиред ва моро тавассути гузориш додани қаллобӣ аз тариқи acco@vfsglobal.com дар ҷараён гузоред. acco@vfsglobal.com

Дар ҳеҷ сурат, VFS Global барои ҳар гуна талафот, зиёнҳо, хароҷот ё нороҳатиҳое, ки аз чунин шахсон ва/ё фаъолиятҳои бесалоҳият натиҷа мегиранд, ҷавобгар ё масъул нест..